Боздошти Эмоми Каллабур Барои Одамкушиҳои Солҳои Ҷанг Аз Ҷумла Қатли Полковник Иззат Кӯганов

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки муфаттишони шуъбаи тафтиши ҷиноятҳои махсусан вазнини рёсати кофтукови ҷиноятии ВКД ахиран як силсила ҷиноятҳои пурсарусадои солҳои ҷанги шаҳрвандиро ошкор карда, чанд “боевик”-и Фронти халқиро, ки бо роҳбарии Эмомиддин Исломович Муродов, мулаққаб ба “Эмоми каллабур”, сокини деҳаи Маданияти ҷамоати Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кушониёндар солҳои 90 дар водии Вахш бедодгарӣ мекарданд, боздошт кардааст.
Ҳамроҳи “Эмоми каллабур” бародари ӯ Муродов Нуриддин Исломович ва ҳаммаслакаш Одинаев Саймуҳиддин Пирмуҳаммадович дастгир шудаанд.
Ба гуфтаи тафтишот, аъзои ин гуруҳ моҳи феврали соли 1995 дар ҳудуди шаҳрҳои Калининободу Қӯрғонтепаа (ҳоло Левакант ва Бохтар) бо истифода аз силоҳ ба ғорати молу мулки сокинони осоишта даст задааанд. Аз ҷумла дар кӯчаи Айнии шаҳри Қӯрғонтеппа Эмоми каллабур ду сокини ин шаҳр Ҷумъаназар Баротов ва Нуъмонҷон Абдураҳмоновро аз автомати Калашников паррондааст, вале ҷабрдидаҳо бо вуҷуди ҷароҳатҳои вазнин бардоштанашон зинда мондаанд.
Инчунин моҳи апрели соли 1994 Эмоми каллабур ҳамроҳи Тошев Исмоил Аҳмадович дар дидбонгоҳи Шаҳло кормандони милисаро аз автоматҳои Калашников тирборон кардаанд, ки дар натиҷа чанд нафар захмӣ шудаанд.
Ҳамчунин моҳи июни соли 1995 дар маросими намози ҷанозаи Асоев Хайриддин Эмоми каллабур ҳамроҳи ҳамон Исмоил Тошев фармондеҳи бригадаи таъйиноти махсуси вазорати мудофиаи Тоҷикистон полковник Кӯганов Иззатулло Абдусамадович, истиқоматкунандаи ноҳияи Бохтар (ҳоло Кӯшониён) –ро бо силоҳи автомати Калашников ба ҳалокат расондаанд.
Иззатулло (Иззат) Кӯганов, яке аз фармондеҳони ҷавон, вале пурнуфузи Фронти халқӣ дар водии Вахш ба шумор мерафт ва баъди кушта шудани Файзалӣ Саидов ба ҷои ӯ фармондеҳи бригадаи таъйиноти махсус таъйин шуда буд. Иззат Кӯганов соли 1993, вақте ҳамагӣ 22 сол дошт, соҳиби рутбаи полковник шуда, соли 1995, дар синни 24 вакили парлумони Тоҷикистон интихоб шуд. Азбаски қонун интихоб ба парлумонро то синни 25 иҷозат намедод, Иззат Кӯганов дар ҳуҷҷатҳояш соли таваллуди худро ба 1969 иваз кард. Вале Кӯганов, ки он даврон барои густариши қаламрави нуфуз дар водии Вахш бо полковник Маҳмуд Худойбердиев дасту панҷа нарм карда буд, ҳамагӣ чанд моҳ баъди интихоб шуданаш ба вакилии парлумон кушта шуд.
Эмоми каллабур ва ҳаммаслакони ӯ, ба гуфтаи ВКД, боз дар чандин қатлу ғорат дар солҳои ҷанг, аз ҷумла дар сӯиқасд ба ҷони корманди милиса Маҷидов, айбдор мешаванд.
Комментариев нет.

Так же рекомендуем посмотреть подборку к Боздошти Эмоми Каллабур Барои Одамкушиҳои Солҳои Ҷанг Аз Ҷумла Қатли Полковник Иззат Кӯганов: